БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор”, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик тасмим гирифтанд, ки гирду атрофи бинои маъмурии худро аз алафҳои худрӯй тоза намуда, гӯлҳои мавсими шинонида инчунин бехҳои дарахтони назди бинои худро нарму мулоим намуданд.Бояд қайд намуд, ки дар доираи Аксияи номбурда, дигар аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ дар назди биноҳои худ  ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия саҳм гузошта истодаанд.