МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шурӯъ аз 15-уми апрели соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамкори бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи минёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандозӣ гардид. Санаи 24 – апрели соли ҷори даври аввали мусобиқаи мазкур дар бо бозии ҷолиби дастаҳои ду муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Ватан доир гардид. Мусобиқаи аз руи системаи олимпи баргузор гардида то санаи 20 – май идома меёбад. Ғолибони даври ноҳияви дар чорабинии тантанав, ки бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд бо Ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мегарданд.