ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "АМОНАТБОНК" ШУНИДА ШУД.

Норак:  

Санаи 04 майи соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк" маҷлиси ҳисоботӣ баргузор карда шуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Амонатбонк" Ҷобирзода Сафаралӣ оғоз бахшида,  рӯзномаи маҷлисро муайян намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Амонатбонк " Ҷобирзода Сафаралӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 3- моҳаи якуми соли равон ва вазифаҳо барои минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Қайд намуд, ки дар доираи гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муарррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони истиқлолият саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Амонатбонк ” назаррас аст.

Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иброз доштад, ки дар раванди бунёдкориву созандагињои мамлакат сањми аъзо ва љонибдорони Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Норак хуб ба роҳ монда шудааст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2023 нақша чорабиниҳо дар доираи 14 банд тартиб дода ба тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизби дастрас карда шуд, ки амалишавии ин бандҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ташкилотҳои ибтидои ҳизбии шаҳр дар соли 2024 тадбиқ гардида истодааст.

Дар маҷлиси мазкур дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.