НАШЪАМАНДӢ “ВАБОИ АСР”

Вахш: Созандагони ватан  

Имрӯз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъа ва нашъамандӣ, ки онро «Вабои аср» низ ном мебаранд, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Дар ҳақиқат масъалаи мазкур, яъне нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд. Маълум аст, ки истеъмоли маводи нашъадор ва дигар моддаҳои заҳрнок ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, оқибат ба марг оварда мерасонад. Мақсади асосии ҷомеаи солими ҷаҳон дар самти мазкур низ аз он иборат аст, ки муборизаро ҷиҳати пайдоиш ва муомилоти маводи мухаддир муташаккилона ба роҳ монда, табақаҳои осебпазири ҷомеъа, яъне ҷавононро дар ҳама ҳолатҳо бояд аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва гирифтории  ҷавонону наврасон ба нашъамандӣ дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак дар МТМУ №6, бо иштироки васеъи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” чораби баргузор гардид.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.