БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 22.04.2024  бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар майдони варзишии  ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ”, мусобиқаи варзишӣ аз қабили футбол байни  варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан»   ва ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии “Мактаби варзишӣ” ва “Маорифчиён”  баргузор гардид.  

          Дар  натиҷаи  ҷамбасти мусобиқаи варзишии футбол аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  ба варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии “Мактаби варзишӣ” ва “Маорифчиён”, барои ишғоли ҷойҳои  якум, дуюм ва сеюм   бо  туҳфаҳои хотирмони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  қадрдонӣ карда шуданд.