САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, хусусан таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бомаром идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ сол то сол рушд намуда, ҳар гӯшаву канори кишвари азизамон обод гашта истодааст. Ноҳияи Муъминобод низ дар тӯли 32-соли Истиқлоли давлатӣ ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гашт, ки саҳми сокинони ноҳия низ дар ин ҳама ободӣ ва пешравиҳо назаррас арзёбӣ карда мешавад