МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА ДАР ТИ ҲИЗБИИ “ДЕҲАИ МИСКИНОБОД”

Вахш: Ҳисобот  

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Мискинободи”-и Ҷ/д Тоҷикобод бо иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ ва масъулини кумита баргузор карда шуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида 23-уми апрели соли 2024 маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Мискинободи”-и Ҷ/д Тоҷикободи ноҳияи Вахш баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти семоҳаи ташкилот ҳисобот дод. Давоми семоҳи соли ҷорӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба роҳ монда, як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд ва дар оянда низ кӯшиш менамоянд, ки дар иҷрои нақшаҳои дар пешистода ба муносибати 30-солагии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хуб нишон дода, бо дастовардҳои назаррас ин санаҳои муҳими таърихии кишварро таҷлил намоянд.

 

 

        Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.