ТАЪМИНИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНД БО ҶОЙИ КОР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Мақсад аз таъсис додани сехҳои дӯзандагӣ дар минтақаҳо пеш аз ҳама таъмини занҳои хонашин бо ҷойи кори доимӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва дастрас кардани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Каёнуш дӯзандагӣ» дар ноҳияи Данғара фаъолияти босамар дошта, ба истеҳсоли сару либоси ягонаи мактабӣ ва либосҳои ҳарбӣ машғул мебошад. 11 сол инҷониб занону духтарони хонашини ҳунарманд дар ин ҷамъият заҳмат кашида, рӯзгори оилаи хешро таъмин мекунанд.
 

Дастагул Ашурова аз зумраи занони пурҳунар аст, ки дар ҶДММ «Каёнуш дӯзандагӣ» фаъолият мекунад. Бо ба кор даромадани ин коргоҳ вазъи иқтисодии хонаводаи Дастагул ранги дигар гирифт. Ҳар рӯз субҳи барвақт бо дилгармии зиёд ва неруи тоза ба ҷойи кор ҳозир шуда, ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул мешавад. Мегӯяд корашон душвор нест, вале даромади хуб доранд.
 

«Вақте «Каёнуш дӯзандагӣ» кушода шуду моро ба кор қабул карданд, хушҳол шудам. Ин ҷо бо хӯроки гарм таъмин ҳастем. Сари вақт ҳаққи корамонро медиҳанд. Ман ба Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Де-мократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои фаъоли ин ҳизби пешбарандаи ҷомеа, соҳибкорони ватандӯсти кишвар миннатдории худро мерасонам, ки чунин шароитро барои мо - занони корҷӯ фароҳам оварданд»,-бо хушҳолӣ мегӯяд Д. Ашурова.
 

Ба гуфтаи Дастагул зан-духтари тоҷик бояд ҳунарманд бошад. Ҳунар ба тоб додани чархи зиндагии ҳар як шахс кумак мекунад. Ӯ дӯзандагиро ба фарзандонаш нишон додааст, то дар оянда бо меҳнати ҳалол нони худро пайдо кунанд.
 

Дар ҶДММ «Каёнуш дӯ-зандагӣ» айни ҳол 30 нафар занони хонашин фаъолият мекунанд. Дилшод Назаров, масъули ин ҷамъият мегӯяд, ки ҳадаф аз ташкил ва ба роҳ мондани чунин як ҷамъияти дӯзандагӣ ин таъмини занҳои бекор ба шуғл, дастрасии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо сару либоси ягонаи мактабӣ, он ҳам бо нархи дастрас ва рушди саноатикунонии кишвар мебошад. Фаъолияти ҷамъиятро назаррас арзёбӣ карда, талош доранд, ки шумораи мошинаҳои дӯзандагӣ ва кормандонашонро бештар намоянд.
 

«Бо соҳибкорони турк ҷиҳати ворид кардани технологияҳои муосир гуфтушунид шудааст. Қарор аст, ки оянда шумораи кормандон ва иқтидори маҳсулоти истеҳсолии ҷамъият зиёд гардад»,-ироа дошт Дилшод Назаров.
 

Рушди  босуботи  кишвар  ва таъмини зиндагии шоистаи мардум пеш аз ҳама аз фароҳам овардани    ҷойҳои    нави    корӣ,
зиёд кардани иқтидор ва рақобатпазир кардани маҳсу-лоти ватанӣ вобастагии калон дорад. Ҳамин аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ