НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Қубодиён: Андеша  

  Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон  дар ҳаёти ҷомеа  диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи  тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа,  таъмини  риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши  фаъолияти  ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои  демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои  роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке  аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд:

“Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи  ҳаёт ва бақои  насли инсонӣ, бепарво бошад,ояндаи худро аз даст медиҳад.”  Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи  сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд  бардоштани мақоми зан  дар ҷомеа нақши босазо доранд.

     Хушбахтона, аз оғози  соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои  пайвастаи  Сарвари давлат  яке аз вазифаҳои  аввалиндараҷаи  Ҳукумат баланд бардоштани  ҳуқуқи зан  ва мақоми ӯ дар  ҷомеа буд. Ҷиҳҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон  сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам  кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои  соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми  зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.

      Дар “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2030” аз 30 апрели соли 2021, №167, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба  фаъолгардонии  нақши занон муайян гардида, он ба татбиқи  принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва  фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон  ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати занон равона шудааст.

     Стратегия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сухаронӣ  дар маросими  савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии  байналмиллалии эътироф намудаи Тоҷикистон таҳия гардидааст.

     Ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ ва кофи барои ба пурраги нишон додани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ,  пешгири ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории  занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлат иборат мебошад.

   Дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан- модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад.

            Хулоса, зани тоҷик бо иффату зебоӣ, виқору ор, фурӯтаниву маърифатнокӣ  зиндагии  аҳли ҷомеаро  таровату  покизагӣ мебахшад. Ин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд, то ҷаҳонро равшан гардонад.

 

Муовини раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Хаимова Малоҳат