ҲИМОЯТГАРИ ВАТАН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои ҳар як ҷавон шараф аст, зеро хизмати ҳарбӣ майдони ҷасорат ва мактаби бузурги ҷавонмардӣ буда, дар он ҷавонон обутоб меёбанд. Боиси хушнудист, ки сол аз сол сафи ҷавонони ватандӯсту хештаншинос зиёд гардида, мардонавор ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд.

Ҳамасола сокинони деҳаи Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва масъулияти баланди ватандорӣ фарзандони худро барои ҳимояи марзу буми Ватан ба хизмати ҳарбӣ равон мекунанд. Дар ин даъвати баҳорӣ аз деҳаи мазкур 4 нафар: Равшан Бегов, Амирҳамза Аёнов, Маҳмудҷон Бобоев ва Муиддин Буриев ихтиёран барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд.
 

Равшан Бегов, сарбози ихтиёрие аст, ки дуюми апрели соли равон дар рӯзи аввали сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мисли садҳо ҷавони ватандӯст бо сари баланд ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён ҳозир шуд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар орзуи давраи мактабиаш буд, ки мехоҳад либоси низомӣ ба бар намуда, қарзи фарзандиашро дар назди халқу Ватан адо намояд.
 

Шароити будубош ва машқу тамринҳои афсарону сарбозони мамлакат-ро тариқи оинаи нилгун тамошо карда, ҳисси ватандӯстиаш то рафт баланд мегардид ва ҳамеша ба падару модараш таъкид мекард, ки баъди хатми муассисаи таълимӣ ҳатман ба хизмат меравад.

«Имрӯз бароям басо рӯзи хотирмон аст, зеро яке аз орзуҳои давраи мактабиам амалӣ шуда истодааст. Дар мактаб ҳангоми дарсҳои ҳарбӣ бо шавқу шӯр машқу тамрин мекардам. Хушбахтона, дар «Рӯзи даъватшаванда» ҳозир ҳастаму аз ман ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ном мебаранд»,-бо табассум нақл мекунад Равшан.
 

Имрӯз ҷавонони ояндасозу ватан-дӯст дарк кардаанд, ки давлат бо Артиши миллӣ устувору поянда аст. Ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд, хусусан ҷавонон мебошад. Ҳамин аст, ки ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ бо дили пур ва сари баланд ба хизмати Ватан-Модар мераванд.
 

Ба гуфтаи қаҳрамони мо - Равшан Бегов, ҷавононро мебояд дӯстдорӣ Ватан бошанд, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, соҳибистиқлолии кишвар ва пайвастан ба сафи Артиши миллиро рисолати асосии худ қарор диҳанд. «Ҳифзи Ватан, гиромӣ доштани манфиатҳои миллӣ, хизмат ба давлату миллати худро ман шиори худ медонам. Бояд як нуктаро қайд намоям, ки он ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, нахуст аз мактаби ронандагӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд. Ин ҳама дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо - ҷавонон мебошад»,-ироа кард Р. Бегов.
 

Назар Бегов, падари Равшан Бегов аз рафтани писараш ба хизмати ҳарбӣ изҳори хушнудӣ карда, қайд кард, ки оромию осудагии ҳар як давлату миллат аз Артиши миллии он вобаста аст. Ҷавонон ҳимоятгар ва ояндасози ин милату давлат ҳастанд. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба камол расонидану онҳоро ба хизмати ҳарбӣ равон намудан  вазифаи ҳар як падару модар аст.
 

«Вақте писарам гуфт: «Падар ман ба хизмати ҳарбӣ меравам!» хушҳол шудам ва ба худ гуфтам, ки писарам барои ҳимояи Ватану миллаташ омода шудааст. Барояш дуои нек додам. Ҷавонон набояд аз хизмат саркашӣ кунанд, зеро рисолати онҳо, пеш аз ҳама, ҳимояи давлату миллат мебошад. Мо низ дар замони Шуравӣ адои хизмат карда будем», - мегӯяд падари Равшан.
 

Наваскарон аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ, таҳсил ва инчунин, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо ҳавасмандӣ ироа медоранд.
 

Ҳамин аст, ки сол аз сол дар қисмҳои низомӣ барои афсарону сарбозон шароити созгор фароҳам гардида, онҳо метавонанд обу хок, марз ва сарзамини аҷдодии хешро нигоҳубин намоянд, то ин ки сокинони кишвар дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ намоянд.
Дар баробари волидайни Равшан Бегов, волидайни дигар сарбозони ихтиёрии деҳаи Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён низ фарзандони худро бо сари баланд ва дуои нек ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

"Ҳамрози халқ"