ҲОМИИ ВАТАН БУДАН ШАРАФ АСТ.

Темурмалик: Вокуниш  

Ишқи Ватан аз дил сарчашма мегирад. Ватандӯстӣ хештаншиноси, вологавҳариро дар ин хоки мероси аз  Пешвои Миллат бояд омӯхт. Ватандӯстиву ватанпарастӣ дар вуҷуди фарзандони бароманди тоҷик ҳазорсолаҳо боз ҷой гирифтааст. Паҳлавонони рӯитан, чун Рустами дастон, Шерак, Спитамен, Темурмалик ва садҳо дигарон барои марзу буми аҷдодии хеш ҷонисориҳо намудаанд. Барои пойдории давлати тоҷикон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони содиқи Ватан ҷони худро нисор кардаву дар саҳифаҳои таърих номи худро бо хати зарин  сабт намудаанд. Шоҳаншоҳи сосониён Ардашер, ки дар таърих бо номи Нӯшервони одил маъруф аст, ҳамчун сиёсатмадори тавоно фаҳмид, ки лашкари дар замон кироя бақои давлатро таъмин карда наметавонанд, яъне зархарид аз касе пули бештар гирад, хизмати уро ба ҷо меоварад ва ҳар лаҳза қодир ба хиёнатанд. Манфиати давлату миллат барои зархарид арзише надошт. Ардашер бо дарки ин сабақи таърихи аз тоҷикон дастаи муназами фидоёнро ташкил кард. Чунин дастаро Куруши Кабир низ таъсис дода буд, ки чирикҳо ном доштанд. Аз ин бармеояд, ки ҷавонмардони тоҷик аз қадим бо ҷавонмардию ватандӯстӣ намудани ибрат буданд.

         Баъди пош хурдани давлати Шӯравӣ, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои ин кишвари паҳновар ба ҳисоб мерафт, соҳибистиқлол шуда барои ҳифзи марзу буми хеш Артиши миллии худро таъсис дод. Фишорҳои дохилию берунӣ ба давлтдории тоҷикон таъсири манфӣ мерасонанд, вале кишвари навтаъсис ин вазифаи душворро ба гардан гирифта Артиши миллии худро 23 – юми Феврали соли 1993 таъсис дод ва ҳар сол 23 – юми феврал “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Хонандагон аз хур то калон бо орзую ҳавас либоси ҳарбӣ ба тан карда ба муассиса меоянд ва дар симои онҳо як ғурури сарбоз будан, ҳомии марз буданро дида ман хушҳол мешавам. Лекин ба ин сини даъват расида баъзе ҷавонон аз хизмати ватан сарпечӣ мекунанд. Модарон монеа эҷод мекунанд. Сарҳад ин шиносномаи давлат аст. Муҳофизати сарҳад, марзу буми аҷдоди аз ҷавонони бонангу номуси тоҷик далерию шуҷоатро талаб мекунад. Сарбозони азизи мо шабу рӯз дар ҳимояи сарҳад камари ҳимат бастаанд, ки мо озодона кору зиндагӣ дар ин кишвари гулгулшукуфон дорем.

         Дар вақти ҳар як писарро бо тую сур, бо дуои нек бо як ифтихори ватандорӣ падару модарон ба хизмати ватан гусел мекарданд. Мо духтарон писарони дар сафи қувваҳои муссалаҳ хизмат накардагиро намегирифтем ва онҳоро “Негодний” ном мебурдем.

         Биёед, ҷавонони азиз, гурдони диловари тоҷик, гузаштагони пурифтихори халқи худро ба ёд биёрем. Нагузорем ҷонисориҳои онҳо барҳадар равад, Ватани азизи худ, гавҳораи умеду ормонҳо, сарзамини бобоён, падарон хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро бо шуҷоат чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Орзумандам ки мафҳуми “Облава” аз байн равад ва гурдони диловари тоҷик бо сари баланд хизмати ватан модарро ба ҷо биёранд.

         Қурбонова Фирӯза раиси ташкилоти ибтидоии “Навобод”