Ҳангомасозӣ кори дасти хоинони давлат аст.

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифини давлат болои давлату Ҳукумати мамлакат санги маломат зада, доир ба моҷароҳое, ки абардавлатҳо дар ҳалли чунин масъалаҳо мушкилӣ доранд, ҳангомаи навбатиро пиёда сохта, худро мушкилкушо ва ходими муваффақи масоили сиёсӣ медонанд, ки дар асл як тоифаи хоини ватанфӯруше беш нестанд. Пеши дурбинҳои наворбардорӣ гоҳе худро мушкилкушои масоили сатҳи  байналмилалӣ  ва гоҳе роҳбари кордону мушфиқе нишон дода, чунин тасаввур мекунанд, ки гӯё насли ҷавони ҷомеаи муосири шаҳрвандии Тоҷикистон аз кору кирдори ин хоинони ватанбезор, ки дар даврони аввали соҳибистиқлолии мамлакат болои мардуми шарифи кишвар балоҳои азимеро роҳандозӣ намуда, ҷони беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони бегуноҳро рабуда, огаҳӣ надоранд. Насли наврасу ҷавони кишвар таҳти ҳимояи ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва  зери партави сиёсати дурбинона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камолот ёфта, ҳамчун ашхоси худогоҳу хештаншинос ва дорои маърифати баланди маданиву ҳуқуқӣ ба воя расида, ҳушёру зиракии сиёсиро шиори ҳамешагии кору пайкори худ дониста, аз ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуби ҷаҳони муосир огаҳии амиқ доранд.

Агар аз шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи ҳӯшманд дарк карда бошанд суҳбату мулоқотҳои бе появу сарсарии Кабириву Муҳамадиқбол ва дигар тоифаи хоинон он қадар самимият надоранд. Эҳсос мешавад, ки ин тоифаи хоинон  барои баромадан аз бозии сиёсии падари маънавияшон Кабирӣ ғайрату имкон надоранд. Агар не, наход зистан дар Ватан дар муҳити ёру диёр аз зиндагии шоиста миёни аҳолии  давлатҳои ҳамҷинсгароии Урупоӣ ба маротиб боло бошад?!

Имрӯзҳо Кабирӣ ва Муҳамадиқболи Садриддин зери дурбинҳои наворбардорӣ худро ҳамчун шахси «тақводору ҳақиқатпараст» ҳисобида, бо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардум, алалхусус муҳоҷиронро ба гумроҳӣ бурда, онҳоро зидди сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат шӯронанд. Лекин ин хоинони шаурмахӯр як ҷизро аз ёд баровардаанд, ки насли имрӯза аз насли даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар ба кулли тафоввут дошта, ҳиллаву найрангҳои навбатии ин хоинонро  медонанду нафринашон мехонанд.  Мутмаинам не. Зеро ин тоифа инсонҳо фақат дар сиёсатсозии ислом кор доранду халос. Ба ақидаи солим  ислом  барои онҳо бозича шудаасту тамом.

Дарвоқеъ, дар Тоҷикистон озодона гашту гузор кардани ин тоифаи хоинон ғайриимкон аст. Кӣ кафолат медиҳад, ки сокинони кишвар ин мурдорҳои палидро  аз роҳи дуруст қабул  мекунанд. Ин Ватан бе Муҳаммадиқболу М.Кабирӣ ва А.Шерзамону дигар хоинон ободу зебо мешавад. Чӣ хеле ки мегӯянд «хас каму ҷаҳон пок».  Зеро фарзандони асили ин миллату давлат дар сабади бунёди давлатсозии навини Тоҷикистон ва ободии Ватани бобоиянд.

 

Абдуҷаббор Неъматов -     сокини ноҳияи Ш. Шоҳин.