ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ МИЁНИ ХОНАНДАГОН АЗ РУИ НАМУДМ ФУТБОЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Шурӯъ аз 15-уми апрели соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамкори бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи минёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандозӣ гардида буд. Мусобиқаи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 - и ноҳия бо бозии ҷолиби дастаҳои ду муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Зафар доир карда шуд. Ғолибони даври ноҳияви дар чорабинии тантанав, ки бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд бо Ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мегарданд.