ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "АМИНҶОН"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар назди Гимназияи хусусӣ барои хонандагони болаёқат ба номи Аминҷон маҷлиси умумии ҳизбии Шӯрои иттифоқи касабаи кормандони Гимназия баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок намуд.

Бо ин мақсад ва дар асоси дархости роҳбарият ва аъзои ҳизб дар назди Шӯрои иттифоқи касабаи кормандони Гимназия ташкилоти ибтидоии ҳизбии бо номи “Аминҷон” таъсис дода шуд.

Дар идомаи маҷлис директори гимназия Гулова Оимгул Сафаровна ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Абдуллаева Ҷамолвӣ Ҳакимовна ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд. Баъдан вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охири маҷлис, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, дастуру ҳидоятҳо дода шуд.