ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Театри ба номи А. Муҳаммадҷонов" бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани як мавзеи шаҳр ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда, як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расониданд.

Дар ин ҳашар иштирокдорон бехҳои гулҳо ва дарахтонро нарм намуда, гирду атрофро аз алафҳои худрӯй ва ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Инчунин баҳри боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани саҳни бинои театр гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуданд.