ГУЛШИНОНӢ ВА ОБОДОНӢ ТИБҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки кормандони МТМУ №15 дар назди бинои муассисаи мазкур аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур кормандон, волонтёрон, аъзоёни ҲХДТ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан ” фаъолона ширкат варзида, дар  назди бинои муассиса зиёда аз 150 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва ноҳия зебогии хосса мебахшанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.