Сарсабзиву ободии Ватан аз ниҳолшинонӣ оғоз мегардад

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болои бо ташаббусси бевоситаи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар МТМУ №32 Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар” баргузор гардид.  

         Дар аксияи мазкур аъзоёни масъули Т.И “Маорифчиён”, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони ҳизбӣ  иштироки фаъолона намуда,бо мақсади ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз 50 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз арча шинониданд.

Ёдовар мешавем,ки чунин иқдомҳои бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ,хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб,корхонаҳо,муассиса,кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,вакилон ва сокинони ноҳия мунтазам доир карда мешавад.