СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ТАҲСИЛИ ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” “Ташвиқ ва баргузории амалиёти “Мактаби ман” ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкунандагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон” бо ташаббуси Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров деҳаи Хушодӣ,  сохтмони бинои иловаги иборат аз ду ошёна ва 36-синфхона  идома дорад.