БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН".

Норак:  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби 10 нафар кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” Аксияи тозагии маҳал таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи роҳҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, истгоҳҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Баъди баргузории аксия, зарфу ашёҳои полиэтилени ва дигар партовҳои аз гирду атрофи кӯчаву маҳал ҷамъоваришуда ба партовгоҳҳо бароварда шуданд.

Сипас бо мақсади ҷангалпуш намудани талу теппаҳои шаҳр кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” ба ниҳолшинонӣ шуруъ намуданд.