РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ СИРОЯТЁБИ АЗ БЕМОРӢ

Данғара:  

Дар санаи 29 - уми март аз тарафи мутахасиси маркази ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “ВНМО” - и ноҳияи Дангара дар ҷамоати деҳоти Пушинги деҳаи Ғиҷовак байни коргарони соҳаи тиб, занҳои ҳомила ва муҳоҷирони меҳнатӣ семинар машварат гузарониданд. Кормандони маркази ВНМО оиди бемории ВНМО ва роххои сироятеби аломатхои беморӣ ва зарари он ба чомеъа баромад карда шуд. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Ҳадафи асосии барнома ин паст кардани шумораи сироятёфтагон ва дар солҳои минбаъда коҳиш ёфтани ин беморӣ мебошад.