НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРО

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Оиди воқеаи таърихи 22.03.2024 сахт андӯҳгинам, дилам пора пора аст барои онҳое, ки бегуноҳ ҷон доданду захмӣ шуданд. Нисбати он авбошоне, ки ба ин амали ваҳшиёна даст заданд ҳазорон нафрат дорам. Онҳое, ки дар даст силоҳ гирифтану ба ин амал даст заданд аслан дар қатори инсон гузоштан хатост, ҳатто онҳоро дар қатори ваҳшитарин ҳайвон гузоштан низ хатост, чун ҳеҷ ҳайвоне ҳамҷинси худро ба чунин рӯз намерасонад. Худованд ҷазояшонро дар ҳар ду дунё диҳад. Барои ин чор нафар тоҷики ҷабрдида низ дилам пора - пора аст, чунки ман дар ҳақиқат надидам, ки инҳо чунин карда бошанд. Ҳама он навореро, ки бо тоҷикӣ сухан гуфтаанд мисол меореду бо ҳам баҳс мекунед, аммо ман дар он навор маҳз рӯйи инҳоро надидам, аз ин хотир наметавонам бовар кунам. Замон пеш рафтаву илм пеш рафтааст, агар хоҳанд ҳамон телефону картаву смсҳову наворро ҳам пайдо карда оммавӣ карда метавонанд, чӣ гунае, ки қарори суд набаромада ҳамаашро зери лату кӯб қарор доданду якеро гӯшашро буриданду хушруяк навор гирифта паҳн карданд. Шахсан ман, то дар ҳамон навор маҳз чеҳраи ҳаминҳоро набинаму садои худашонро нашнавам ва ба чандин саволҳои печидаи беҷавобмонда ҷавоби мушаххас пайдо накунам ба ҳеҷ ваҷҳ бовар карда наметавонам. Бо ин матлаб намехоҳам, ки худро ба андешаҳои касе муқобил гузораму мухолифат кунам. Инсон дар баёни андеша озод аст ва ҳар кас ба ҳар масъала аз рӯйи фаҳмишу диду назари хеш баҳо медиҳаду фикрашро баён месозад. Бинобар ин хуб мешуд ба андешаҳои ҳамдигар эҳтиром гузорему баҳсу даъвову таҳқиру танқидро дар ин вазъиятҳо як тараф гузорем. Чун маҳз дар ҳамин лаҳазот нигоҳи ҷаҳон ба мост, ки мо чӣ мегуему чӣ меандешем. Бе ин ҳам аз ин воқеае, ки гузашт ҳама андуҳгину хотирпарешон аст, болои ин ба фейсбук ворид мешавӣ ҳама ҷо баҳс миёни шоиру рӯзноманигору дигару дигар ва аз ин табъ бадтар хиратару хастатар мегардад. 

Хоҳишан, бас кунем ин ҳама танқиду дашному ба иззати нафси ҳамдигар расиданҳоро. Бигзор ҳама ба қадри ченаки фаҳмиши худ андешаашро баён созад. Бовар кунед ба мо намезебад, ки шоиреро рӯзноманигореро ва ё дигареро ба иззати нафсаш расем. Ҷое мехонам, ки меоред: "Канӣ шоирони унвондору номдору..." ва ё мегӯед: "Кани журналистону дигару дигарҳо". Чӣ лозим ҳамин гуна суханҳо? Баъд дигарон ба шоирону рӯзноманигорони мо чӣ гуна баҳо диҳанду чӣ гуна муносибат кунанд. Агар касе чизе нагуфт шарт нест, ки ба иззати нафсаш расида садо баланд кунем , ки чаро фалончиён хомӯшанд. Бигзор ҳама аз даҳони худаш сухан гӯяд. Дар ин лаҳзаҳо моро месазад, ки дар фазои сулҳу суботу якмаромӣ канори ҳам бошем. Дар навиштаву гуфтаҳои ҳамаи шумо суханҳои тиллоии Пешвои кишварамон "Террорист, Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад!" дидаву шунида мешавад, ки асос ҳамин якмаромиву ҳамфикрист. Дигараш, кӣ оиди масъала аз кадом тараф чӣ гуна нигаристанаш набояд боиси дар шарҳҳо ба иззати нафси ҳамдигар расидану танқиду таҳқири ҳамдигар гардад. Дуо мекунем, ки муҳоҷирони моро Худованд нигаҳбон бошаду ба пойи ҳеҷ кас хоре нахалад ва давлату миллати мо ҷовидона дар фазои сулҳу субот бимонад.

Бахтзода Ҷомӣ