«Тахти Қубод» яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Қубодиён: Андеша  

«Тахти Қубод» дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ бо номи «Тахти Сангин» низ ёд мешавад. Сабаби чунин ном гирифтани ин ёдгорӣ дар он аст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Бинобар ин, бостоншиносон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон (Қасри Персополис) онро «Тахти сангин» номгузорӣ намудаанд. Дар бораи «Тахти Қубод» ном гирифтани ин ёдгорӣ ривоятҳои зиёде низ мавҷуд аст. Ривоят мекунанд, ки шоҳ Қубод (яке аз шоҳони аҳди Каёниён) як духтари ҷавону дар ҳусну малоҳат ниҳоят зебову беҳамтое дошт. Духтари шоҳ ба бемории бедавое гирифтор мешавад. Ҳарчанд табибон кӯшишу талошҳои зиёде мекунанд, аммо барои шифо ёфтани духтари шоҳ дармоне намеёбанд. Шоҳ Қубод (Қайқубод) аз сарнавишти духтараш хеле ғамгин мегардад. Яке аз олимони дарбор, ки фозилу доно буд ва донандаи хуби илми тиб маҳсуб меёфт, ба шоҳ маслиҳат медиҳад, ки барои табобату даво ёфтани духтараш як мазеи дорои табиати хушобу ҳаво лозим аст. Чунин мазеи дорои иқлими биҳиштосоро дар ҷойи ҳозираи Тахти Қубод дармеёбанд. Вақте ки худи Қубодшоҳ ба ин мавзеъ омада, манзараҳои зебою дилкаш, қаторкӯҳҳои баланд ва якҷояшавии якчанд дарёҳои дорои обҳои мусаффоро мебинад, хеле хурсанд мешавад. Дар соҳили дарё як қасру кушки зебою боҳашамат ва истироҳатгоҳе бунёд мекунад. Баъди гузаштани 4-5 моҳ духтари шоҳ табобат ёфта, шифои комил меёбад. Баъдтар, дуртар аз ин мавзеъ бо фармони шоҳ Қубод дар водие шаҳре бунёд месозанд, ки шояд Қубодиёни ҳозира бошад. Бостоншиносон танҳо дар ноҳияи Қубодиёни имрӯза панҷ шаҳри замони Ҳахоманишиёро пайдо карданд, ки онҳо дорои тамаддуни баланд буданд. Ганҷинаи бузурге, ки аз ин мавзеи таърихӣ ёфта шудааст, “Хазинаи Амударё” мебошад.Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (саҳифаи 624) чунин омадааст: “Хазинаи Амударё” иборат аз 1300 сикка, 176 ашёи тиллою нуқра соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷойи резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст”. Кашшофони “Хазинаи Амударё” тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ фурӯхтаанд. Ҳангоми ба Ҳиндустон бурдани хазина дар роҳ тоҷиронро раҳзанон ғорат карданд. Як қисми ашёи “Хазинаи Амударё” бо туфайли шуҷоати англис наҷот дода шуд. Қисми дигари онро англисе аз бозори шаҳри Равалпиндӣ (Покистон) харидорӣ намудаанд. Баъдтар тамоми “Хазинаи Амударё” ба осорхонаи Британия (яке аз осорхонаҳои бузургтарини ҷаҳон) супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз мебошанд. Эҳё шудани ёдгории «Тахти Сангин» ё «Тахти Қубод» боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Воқеан ҳам, ёдгории «Тахти Сангин» ва “Хазинаи Амударё” ганҷинаи беназиру куҳанбунёди халқи тоҷик буда, омӯзишу донистани таърихи он дар самти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.

Мудири шуъбаи кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат