ИШТИРОКИ ВОЛОНТЁРОН ДАР АКСИЯИ ҲИЗБӢ

Бохтар: Созандагони ватан  
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони биҳиштосо бо ҷалби 50 нафар волонтёрони ҳизбӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Маърифат» (Коллеҷи омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав) ва “30-солагии Истиқлолият” Коллеҷи тиббӣ иҷтимои шаҳри Бохтар, аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор" ташкил ва гузаронида шуд.
Барои тозаю озода нигоҳ доштани дохили бино, гирду атрофи бинои маъмурӣ, нарм намудани заминҳо дастаъҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф, барои боз ҳам зеботар намудани маркази вилоят пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд. Волонтёрони ҳизбӣ зери роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатов Наҳтулло дар кӯчаи Борбад як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расонида, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки барои ободу зебо ва сарсабзу хуррам гаштани шаҳри азизамон камари ҳиммат бандем. Агар ҳар як сокини шаҳр масъулият ҳис кунад, маркази вилоятамон шаҳри Бохтар боз ҳам ободу зеботар хоҳад шуд.
Баргузор намудани чунин аксияҳо ва ҳашарҳои умумии дастаҷамъона баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азизамон минбаъд низ дар назар аст.