МАЪЛУМОТНОКИИ ҶАВОНОН ВОБАСТА БА ИСТИФОДАБАРИИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ВАТАНӢ ДАР ТАБОБАТИ БЕМОРИҲО

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино"-и назди  МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» аз тарафи кафедраи Терапия конференсияи илмӣ – назариявӣ доир ба мавзӯи «Самаранокии истифодаи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар табобати бемориҳо» баргузор карда шуд. Дар кори конфронс аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино" ва донишҷӯён  аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан-3" назди МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»  иштирок намудаанд. Дар конференсия аз ҷониби маърузачиён ба донишҷӯён доир ба бемориҳои бештар паҳнёфта дар байни аҳолӣ ва услубҳою самаранокии истифодаи гиёҳҳои шифобахш ҳангоми пешгирию табобати бемориҳо маълумот дода шуд.