РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУАРРИХ ГИРОМӢ БОД!

Ҳамадонӣ: Андеша  

28-уми март дар тақвими ҷаҳон ҳамчун рӯзи ҷаҳонии муаррих сабт шудааст. Шояд мо камтар номи муаррихонро бидонему бар забон орему зикри хайре аз онон кунем. Аммо ҳеч кас мункири ин воқеият нест, ки таърих аз улуми нофеъи миёни миллали олам буда, аз Ҳеродоти юнонӣ то кунун инсонҳо дар Шарқу Ғарб саргузашти хешро навиштаанд. Чун бар ин бовар расидаанд, ки муҳимтарин маҳсули умри инсон ТАҶРИБА аст ва ТАЪРИХ маҷмуи таҷрибаҳои инсонҳост ва рӯзгор дар мавриди мо ҳамон гуна рафтор мекунад, ки дар бораи гузаштагон кардааст. Саъдии некусухан ин воқеиятро пай бурда, бо сад дареғ навиштааст, ки:

Марди хирадманди ҳунарпешаро,

Умр ду боист дар ин рӯзгор.

То ба яке таҷриба андӯхтан,

Бо дигаре таҷриба бурдан ба кор!

 

Ҳегели олмонӣ мегуфт, таърих такомули равон ва ақл аст ва вазифаи муррих он аст, ки ақлро дар додаҳои воқеъӣ биёбад, бе он ки пешфарзҳои худро бар он таҳмил кунад. Ҳамин ки мо ҷаҳонро ақлонӣ бубинем, ҷаҳон худро ба сурати ақлонӣ ба мо менамоёнад. Азбаски ҷаҳон ҳам ҷанбаи моддӣ ва ҳам андешандагӣ дорад, яъне ҳам табиат асту ҳам равон, мо ниёз ба боландагии равон ва робитаи он бо табиат сару кор дорем. Ва гавҳари аслии равон ОЗОДӢ аст. Пас, мазҳ ОЗОДӢ ё ОГОҲӢ аст, ки ҳамеша худро дар таърих намудор мекунад. Хулоса, таърихи ҷаҳони ин ТАКОМУЛИ ОГОҲӢ дар бораи ОЗОДӢ аст ва ҲАДАФИ ТАЪРИХ низ ҳамин асту бас! Ҳар касе таассуб дорад таърихро дӯст намедорад ва аз он меҳаросад.

 

Таърихи башарро бихонед, хоҳед дид, ки авомили шикасту нокомӣ, пирӯзиву комёбӣ, шукуфоийи тамаддунҳо ва суқуту таназзулҳо, паёмади адлу дод ва саранҷоми ситаму бедод, осори иттиҳоду ҳамбастагӣ ва парешониву тафриқа .... ҳама дар ойинаи тамомнамои ҲАЗРАТИ ТАЪРИХ дида мешавад. 

 

Пири мо, ҳазрати Байҳақии зебосухан таърихро тозиёнаи бедорӣ ва манбаи донишу огоҳӣ медонад, ки саршор аз омўзишу ибрату манфаъат аст. 

 

Хондамир низ дар тамҷиди ТАЪРИХ назми ғаррое дорад, ки меоварам:

 

Чунин ёд дорам зи аҳли ҳунар,

Ки илми хабар беҳ зи дурҷи дурар.

Агар хатти чашм аз дурар ҳосил аст,

Басират зи илми хабар ҳосил аст.

Надорад дар ин дайр рўз аз мадор,

Чу ин илм илми дигар эътибор.

Набинӣ, ки Қуръони вофишараф,

Бувад муштамил бар ҳадиси салаф.

Чу таърихро ин шараф ҳосил аст,

Писандидаи мардуми фозил аст.

 

Рӯзи муаррихро бар худам ва ҳар касе ки огоҳиву басиратро, ки модари шуҷоату каромату шарофату наҷобат аст, дӯст дорад, табрик мегӯям. ПОЯНДА БОД ТАЪРИХИ РОСТИН!

Сайфуллоҳ Муллоҷон