ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

Данғара:  

Дар асоси Нақша – чорабиниҳои гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара оид ба шарҳу тавзеҳи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, дар тамоми деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Лоҳур бо усуси хона ба хона вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳ Каримзода Пирмуҳаммад Авғон- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Қурбонов Пулод – раиси иттифоқи касабаи комплексҳои агросаноатии ноҳия, Исмоилов Қурбон – котиби Ҷамоати деҳоти Лоҳур ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.