ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Кушониён:  

 Бахшида ба ҷашни Наврӯз, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва роҳбарияти ноҳия дар назди муассисаи таълимии  №40-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар фазои идона, 4 синфхонаҳои иловагӣ муҷаҳҳаз бо аёниятҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи падару модарон ин муассиса бунёд шуда, туҳфаҳои арзишманд ба толибилмони ин макони илму маърифат гардид. Зимни иштирок, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии ва роҳбарияти ноҳия барои ташаббуси пешгирифтаи сокинони ин деҳа изҳори сипос намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва рӯзгори осударо таманно намуданд. Дар ҳамин ҷо ба сарвари муассисаи таълимӣ ва раиси маҳалла барои ташаббуси пешгирифта Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.