Солимии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст

Восеъ: Созандагони ватан  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин талқини сокинон барои гирифтани воя (ваксина) кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ноҳия бо усули “Хона ба хона” гардиш доир намуданд.

Зимни сӯҳбат бо сокинон масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки солимии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Пас ҳар як шахсро мебояд, ки пеш аз ҳама ба гигиенаи шахсӣ риоя намояд ва баъдан ҳатман худро ваксинатсия намояд. Ҳангоми иҷрои ин талаботҳо мо метавонем солимии хешро ва наздикони худро эмин нигоҳ дорем. Ҳамзамон  намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон варақаҳои иттилооти оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ тақдим намуданд.