"Ҷоми сайёри Рейтинги ҳизбӣ" дубора ба Фархор баргашт

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки санаи 20-уми арел дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, дар баробари натиҷагириҳо аз фаъолияти се моҳаи КИ ҲХДТ дар вилоят, тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба корҳои сохтмониву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, санҷишҳои молиявӣ ва натиҷагирӣ аз маҷлису конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, ҳамчунин, пешсафони ҳизбӣ тибқи Рейтинги ҳизбӣ эълон шуданд.

Тибқи Рейтинги ҳизбӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият ҷойи якумро тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ишғол намуда, сазовори “Ҷоми сайёр” гардид. Ҷойи дуюмро тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва мақоми сеюмро тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ишғол намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар асоси Рейтинги ҳизбӣ бори дуввум аст, ки тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ишғоли мақоми аввал бо “Ҷоми сайёр”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сазовор гардонида мешавад. Бори якум, дар натиҷаи фаъолияти 9-моҳа дар соли 2021 ба ин мақом сазовор гардида буданд. 

Албатта пешрафти кор аз ташкилотчигии роҳбар вобастагии амиқ дорад. Аз Назарзода Алӣ Исмон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор сирри ин муваффақиятро пурсон гаштем. Тавре ӯ гуфт субҳи ҳар рӯзи корӣ пеш аз соати 8 кормандони кумита ҷамъ омада, дар як фурсати кӯтоҳи 5-10 дақиқа оид ба фаъолияти ҳамонрӯза дастур мегиранд. Иҷроиши нақша-чорабиниҳо ва супоришҳо доиман аз ҷониби роҳбарият пайгирӣ ва назорат мешавад. Кор тариқи гурӯҳи ташкил шуда, аҳли коллектив муттаҳид ва тифоқанд. Ба шароити кормандон ва ҳавасмандию рӯҳбаландии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари қадрдонии фаъолони ҳизбӣ бо Ифтихорномаву туҳфаҳо, ҳамчунин, ба хотири ҳавасмандии пешсафони Рейтинги ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ҳамбастагӣ бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 50 нафар пешсафони Рейтинги ҳизбӣ ба сафари сайёҳии мавзеи зебоманзари “Сафеддара” сафарбар гардидаанд. Ҳамзамон, давоми соли ҷорӣ ҷиҳати ҷалби кормандон ба осоишгоҳҳо ва дигар ҳавасмандгардониҳои кормандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Оянда низ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иқдоми мазкурро пайгирӣ хоҳад кард.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,

“Ҳамрози халқ