МУҚОИСАКУНИИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ФАЛАК”

Кӯлоб: Таҳлил  

МУҚОИСАКУНИИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ФАЛАК”

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва тибқи нақшаи моҳонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷараён дорад.

Бо иштироки мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Таварзода Азизҷон ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалак” муқоисакунии аъзои ҳизб доир гардид.

Таварзода Азизҷон дар ҷараёни муқоисакунӣ ва мушоҳидаи камбудиҳо ба мутасаддиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бобати саривақт бартараф намудани онҳо тавсияҳои мушаххас доданд.