СОАТИ СИЁСӢ-ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ НАВРАС

Левакант: Созандагони ватан  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он дар охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №4-и шаҳри Левакант деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки директор, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои террористиву экстремистӣ дар мавзуи “Тоҷикон дар оинаи таърих" гузаронида шуд.