САҲМИ ДЕҲҚОНОНИ НОҲИЯ ДАР ҒАНИ ГАРДОНИДАНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Заминро самаранок истифода бурдан аз маърифати баланди шаҳрвандӣ дарак дода, нишонаи худшиносии миллӣ мебошад. Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки  ҳар қитъа заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо кишоварзони ноҳия алал хусус бо роҳбаронии хоҷагиҳои деҳқонӣ  мулоқоти анҷом доданд.Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Фархор буда ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади  ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба кор хоҳанд дод.