АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” АМАЛӢ ГАРДИД

Левакант: Созандагони ватан  

Санаи 28-уми марти соли ҷорӣ мувофиқи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №14-и шаҳри Левакант бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ, директор ва омӯзгорону хонандагони муассисаи  мазкур баргузор гардид.

Зимни баргузории ин ташаббус баромадкунандагон вобаста ба “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитсон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” суханронӣ намуданд.