БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Наврӯз дар байни расму ойин ва ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми хос ва ҷойгоҳи вижа дорад. Мардуми мо дар таърихи тӯлонии мавҷудияти хеш вобаста ба замону шароит ҷашнҳои зиёдеро ойин ниҳода, мавриди таҷлил қарор додааст, ки дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом бо рангу тобиши гуногун ба ҷилва омада, рӯзгори фарҳангии ононро зебу зинат бахшидаанд. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум карда, миёни расму ойин ва ҷашну маросими дигари миллӣ муҳимтарину куҳантарину густурдатарин будааст. 

Таҳти унвони " Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!" бо иштироки муовини раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунавараи Бозоралӣ ва аъзоёни ташкилот аксияи ҳизбӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо такдими табрикоти Наврӯзӣ, тақвими соли 2023 ва лавҳаҳои таблиғотӣ баргузор карда шуд.