ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ

Балҷувон: Созандагони ватан  

Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои қарни XIX ва аввали асри  XX гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, поҷома, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид.