МЕРАСАД НАВРӮЗМОҲ АНДАР ЛАБАШ ИЗҲОР ГУЛ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

НАВРўЗ МУБОРАК БОД!

Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!
Парвардаи Фарвардин, Наврӯз муборак бод!

Эй дасти баҳоролуд, эй чашми хуморолуд,
Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!

Эй ғарқаи хоҳишҳо, сармасти навозишҳо,
Эй ошиқи фаррухдин, Наврӯз муборак бод!

Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина,
Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!

Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон,
Табрик бигӯ ширин: Наврӯз муборак бод!

Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин,
Эй ҳафт салом аз «син», Наврӯз муборак бод!

                                                          Ҷаъфар Муҳаммад

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

                                                    Лоиқ Шералӣ

Н А В Р ў З Ӣ

Атса зад абр, гул аз хоби зимистон бархост,
Ҷом бар даст зи ҷо соқии мастон бархост.
Ресмон ранг заду дӯхт чакан бар тани дашт,
Чи ҳунарҳо, ки аз ин духтари борон бархост.
Чист ин сабзаи навхез? Само аз шӯхӣ
Рехт обе, ки ба тан мӯйи биёбон бархост.
Барф гар деви сапед аст, натарсем, ки боз
Гурзи хуршед ба каф Рустами Дастон бархост.
То кай аз халқ бипӯшад ба алаф пистонаш?
Духтари хорч, ки бо пайкари урён бархост.
Сардмеҳр аст чу фарзанд, шавад мом ҳазин,
Об аз хонаи ях бо дили гирён бархост.
Ба тамошои гули сурх, ки омад берун,
Гули сурхе зи дарунсӯи гиребон бархост.
Ҳаст ойинаи фарҳанги Хуросон Наврӯз,
Даҳр аз ҷо ба тамошои Хуросон бархост.
 
                                                       Озар

Базми гул дар чамани Наврўз аст

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Рӯи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Ҳама дар пираҳани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст,
Исми ҳар бахтталаб Наврӯз аст,
Фасли армоншикани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан,
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Ба муродаш ҳама дилдода расад,
Ҳамаро бахти худодода расад,
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

                                           Муҳаммад Ғоиб

Баҳор асту ба тоқи хонаи ман,
Даруни кӯзаҳо гулҳо шукуфта.

Аз ин рангобарангиҳои наврӯз,
Ба боғи синаҳо дилҳо шукуфта.

Баҳор асту замину сангу оташ,
Ҳама дил дораду ҷонона дорад.

Ҳаёти талху ширини ман имрӯз,
Ҳазорон қиссаву афсона дорад.

Бигӯ аз сеҳри ишқу зиндагонӣ,
Магӯ аз бенишониву хазонӣ.

Ба рағми сардҷониву хамӯшӣ,
Баҳор асту ҷунун асту ҷавонӣ.

                                       Гулрухсор

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.
Боғ ҳамчун кулбаи баззор пурдебо шавад,
Роғ ҳамчун тублаи аттор пуранбар шавад.
Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,
Гӯшвори ҳар дарахте риштаи гавҳар шавад.
Чун ҳиҷоби лӯъбатон хуршедро бинӣ ба ноз,
Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.

                                             Унсурӣ