ҲАМРОЗИ ХАЛҚ БУД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Наврӯзи имсол ва ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ба 20-умин солгарди таъсисёбии ҳафтаномаи ҳизбии “Ҳамрози халқ” рост меояд, ки имрӯз дар миқёси вилояти Хатлон аз нашрияҳои серхонандатарин ба ҳисоб рафта, ҳафтае бо теъдоди 21 ҳазору 300 нусха нашр гардида, дастраси мардум гардонида мешавад.

Тӯли ин давра “Ҳамрози халқ” аз нахустин шумора, ки бо теъдоди ҳамагӣ 1500 нусха чоп шуда, пешкаши хонанда мегардид, масири пуршебу фароз ва достони ифтихоре аз корномаи шоёни қаламкашони Хатлонзаминро паси сар намуд, ки дар саҳифаҳои таърихи нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст.
 

20 сол муқаддам дар ин шабу рӯз бо  ташаббуси раиси онвақтаи вилояти Хатлон Амиршо Миралиев ва бо ҷалби рӯзноманигорону адибони маъруфи вилоят Амиршоҳи Хатлонӣ, равоншод Саид Барот ва шодравон Ҳамро Салим масъалаи таъсиси нашрияи ҳизбӣ ба миён гузошта шуд. Баъди таҳияи Оиннома ва омода намудани тарҳи нашрия нахустин шумораи он таҳти сармуҳарририи устод Амиршоҳи Хатлонӣ ба дасти хонанда расид. Ҳамин тавр, то соли 2007 сармуҳаррири нашрия Амиршоҳи Хатлонӣ ва баъдан равоншод Ҳамро Салим бар зимма доштанд. Тавре  таъсисдиҳандагони нашрия иқрор доштанд, солҳои аввал бинобар мушкилиҳои иқтисодӣ ҳайати эҷодӣ бе музди маош фаъ-олият дошта, аммо саъй мекарданд,  ки ҳафтанома сари вақт ба дасти хонанда бирасад.
 

Имрӯз бо таваҷҷуҳ ба моҳияти ВАО дар тарбияи маънавӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва мавқеъгириву мубориза алайҳи ҳуҷумҳои идеологияи хатарзо, матбуоти тоҷик нақши меҳварӣ дошта, дар ин арсаи ҳимоят аз арзишҳои миллату давлатдорӣ ҳафтаномаи “Ҳамрози халқ” дар сафи пеш қарор дорад. Биноан, дар арафаи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик месазад аз хизматҳои шоёни як тан аз нахустин кормандону баъдан сармуҳаррири “Ҳамрози халқ”, раҳнаварди ин ҷода рӯзноманигорони донишманду ҷавонмарди солеҳ шодравон Ҳамро Салим ёдоварӣ намуд, ки дар рушду пешрафти натанҳо нашрияи ҳизбӣ, Идораи Телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва чандин нашрияҳои маҳаллӣ саҳми босазо гузоштааст.
Ҳамро Салим соли 1962 дар ноҳияи Данғара дар хонаводаи толиби илму ирфон Салимов Файзулло чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Гарчанде сарвари хонадон ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи хоҷагии ҷангал, бештари вақт саргарми иҷрои масъулиятҳои барзиммадоштааш буд, вале соатҳои ҳамроҳи фарзандонро ба таълиму тарбияи онҳо бахшида, дар ташаккули афкору ҷаҳонбинии ҷигарбандонаш нақши ниҳоят муҳим дошт. Ин буд, ки бо мурури солҳо фарзандон таҳсилдидаву дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ фаъолият бинмуда, номбардори падару модар ва диёри худ гардиданд. Ҳамро бо шавқу истеъдоди фавқулодаи азбар намудани фанҳои мактабӣ миёни ҳамсолони худ намунаи ибрат ба ҳисоб мерафт. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и зодгоҳаш ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1984 онро бо муваффаққият хатм мекунад. Тибқи роҳхат фаъолияти омӯзгории худро аз ноҳияи собиқ Комсомолобод имрӯза Нуробод оғоз бахшида, баъдан, соле дар мактаб-интернати ноҳияи Данғара ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Сипас, аз соли 1986 фаъолияти худро дар мактаби зодгоҳаш идома медиҳад.
Донишу салиқаи адабиётшиносӣ ва маҳорату истеъдоди эҷодии Ҳамро Салимро дида, соли 1989 роҳбарияти рӯзномаи “Симои Данғара”  ӯро ба кор даъват намуданд. Бо гузаштани начандон муддати зиёд собит гардид, ки ҷавони донишманд дар баробари баҳрамандӣ аз илму фанҳои гуногун лаёқати баланди эҷодиву ҳам таҳлилу баррасии мавзӯъҳои гуногунро  дорад. Ин буд, ки давоми панҷ соли фаъолият дар ин рӯзнома аз вазифаи мухбир то зинаҳои мудири шуъба, котиби масъул ифои вазифа бинмуда, баъдан, барои идомаи фаъолияти эҷодӣ ба Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон даъват шуд.

 

Ҳамро фаъолияти касбии худро дар Идораи телевизион ва радиои вилоят ба ҳайси мухбир оғоз намуда, бо нахустин барномаву гузоришҳои ҷолибу ангезабахшаш миёни тамошобинону шунавандагони телевизион ва радио шинохтаву маъруф шуда буд. Баъди таъйин шуданаш ба вазифаи муҳаррири шуъба дар баробари таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои барномаҳо ӯ ба тарбияи мухбирони ҷавон диққати ҷиддӣ медод. Натиҷаи сахтгириву ҳам ғамхориҳо ва дастгирии рӯзноманигорони ҷавон буд, ки имрӯз дастпарварони Ҳамро Салим дар Идораи телевизион ва радио ва дигар ВАО-и кишвар фаъолият доранд. Давоми фаъолияти пурсамараш дар вазифаҳои муҳаррири масъул, котиби масъул, муовини аввали раиси Идораи телевизион ва радиои вилоят бо касбияти баланду маҳорати роҳбарӣ, рафтору хислатҳои ҳамидааш миёни ҳампешагон ва доираҳои адабиву зиёиёни вилоят соҳиби иззату эҳтиром гардид. Донишу таҷриба ва зарфиятҳои  дар пайроҳаи касбӣ азбар намудаашро ба инобат гирифта, соли 2009 Ҳамро Салим ба вазифаи раиси Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон таъйин шуда то соли 2018 дар ин симмат фаъолияти пурсамар дошт.
Сармуҳаррири нашрияи “Ваҳдат-саро”, шоири маъруфи тоҷик Амиршоҳи Хатлонӣ, ки солиёни зиёд дар Идораи телевизион ва радио ва нашрияи “Ҳамрози халқ” бо равоншод Ҳамро Салим якҷо кору фаъолият бинмудааст, бо таассуф иброз медорад, ки реҳлати ин рӯзноманигори соҳибмаърифат талафоти бузурге барои рӯзнома-нигорону адибон ва кулли зиёиён буд. Зеро мо шахсиятеро аз даст додаем, ки мутахассиси сатҳи олии соҳаи ВАО, сиёсатдони хубу донандаи риштаи ҷомеашиносӣ ва дигар илмҳо буда, бо суҳбатҳои дилнишинаш андешаҳоро такон медод. Ҷавонмарди бедори миллат буд, ки дар боби Ватан, ояндаи Тоҷикистони азиз, ҳифзи муқаддасоту тозагии забони модарӣ саъю кӯшиш дошт.
Кору пайкори ин марди накӯном заҳматҳои хастанопазиру ҳаёту фаъолияти ибратомӯзаш аз таълиму тарбия ва фарҳанги волои хонаводагии дудмони падарӣ ва муҳити маънавии диёри зодгоҳаш сарчашма мегирад, - мегӯяд Амиршоҳи Хатлонӣ.

 

- Шодравон Ҳамро Салимро солиёни зиёд мешиносам ва аз овони ҷавонӣ бо аҳли оилаи онҳо робитаи дӯстӣ доштам. Шахсияти падари бузургворашон марди ҳабибу солеҳ – бобои Файзулло ҳам замони дар арсаи корзор заҳмат кашиданаш миёни мардум иззатманду соҳибэҳтиром буд. Аз ин рӯ, мурури рӯзгорон ҳар вақте, ки шоҳиди дастоварду амалҳои накӯкоронаи фарзандонаш аз ҷумла, шодравон Ҳамроҷон мегардидем, симои ғаюру нуронии қиблагоҳашон пеши назар ҷилвагар мегардад, ки чунин фарзандони баору номусро тарбияву ба воя расонидааст. Валекин, сад афсӯс, соли гузашта мо ҷавонмарди фарзонаи Ватанро аз даст додаем, ки умр вафо мекард, барои ин халқу миллат хизматҳои зиёде анҷом медод.
 

Ҳамро Салим аз соли 2018 инҷониб, ба ҳайси муовини директори шабакаи телевизиони Тоҷикистон ва аз моҳи майи соли 2019 то охирин лаҳзаҳои умр дар вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” адои вазифа дошт. Ба гоҳи ба дидорбинии ҳампешагону дастпарваронаш ба шаҳри Бохтар омадан, ҳамеша бо суҳбатҳои ҷаззобу маҳфилҳои дилангезаш хотири ҳамагонро болида мегардонид. Дар суҳбат атрофи мавзуъҳои мубрами рӯз, фарҳанги миллӣ, равандҳои ҷамъиятӣ ва асрори оламу маънии зиндагӣ баҳри суханро мемонд, ки сабуру ботамкин фикру андешаи худро ба мусоҳибонаш возеҳу дилнишин тавзеҳ дода метавонист. Дӯстони ирфонӣ дуруст мегуфтанд, ки дар суҳбату маҳфилҳое, ки Ҳамро Салим ҳузур дорад, боист бештар атрофи мавзӯъҳои миллату ватандӯстӣ суҳбат кард. Чаро ки вақте ӯ Ватан, миллат, Тоҷикистон мегӯяд, шунавандаро эҳсоси бузурге фаро гирифта, касро ба андеша водор менамояд. Зеро суҳбатҳои ҷонбахши ин марди ватандӯст, ки ҳамеша ҳамроҳи халқу ҳамрози халқ буд, аз розу ниёзҳо ва қалби саршор аз меҳру муҳаббати беандозааш ба Ватану миллати худ сарчашма мегирифт. Ҳолиё дӯстону шогирдонаш бо таассуф изҳор медоранд, ки кош серкориву бевақтиҳо баҳона намешуду ба гоҳи дидору вохӯриҳо бо Ҳамро Салим суҳбати бештаре доштанд. Афсӯс, ки муаллифи барномаи машҳури телевизионии “Инсон ва қонун” дигар миёни мо нест ва сад афсӯс, ки ба қадри чунин инсонҳои хоксору тақводор замоне мерасем, ки дигар бо заррабин ҳам биҷӯем ҳатто ду аксу ё наворе аз лаҳзаҳои хотирмон бо онҳоро намеёбем.
Аммо равоншод Ҳамро Салим давоми фурсати умре,ки дар ихтиёр дошт, бо фаъолияти пурсамар аз худ кори неку номи нек боқӣ гузоштааст ва фарзандони солеҳу шогирдони монои худ тарбиятгирифтааш, рисолати ӯро идома хоҳанд дод...

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,

“Ҳамрози халқ”

7.03.2023