ТАРБИЯИ НАМУДАНИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ХЕШТАНШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Олимбек Асоев дар якҷоягӣ бо мудири бахши ҷавонон ва варзиши назди МИМҲД ноҳияи Ҷайҳун Сайдаҳмад Халилов ва роҳбари муассисаи таҳсилоти миёнаи №13 Гулов Нурмаҳмад  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни мулоқот доир ба мавзӯъҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, огоҳонидани хонандагон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳиро  роҳандозӣ  намуданд.