ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

“Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ба хизмати Модар-Ватан доим омода бошанд”, борҳо таъкид намудаанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Албатта дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд. Ватан аз мост, ҳимоя намудан, сулҳу ваҳдатро дар он нигоҳ доштан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Имрӯз навбат ба мо ҷавонони бо ору номус расидаст, ки саҳми худро дар ҳама корҳои созандагӣ, ободонӣ ва ҳимоя намудани марзу буми кишвари худ доимо омода бошем.

Бо ифтихору сарфарози мебояд гуфт, ки имрӯз мо дар як давлати соҳибистиқлол, орому осоишта ва ру ба рушд ниҳода умр ба сар бурда истодаем. Баҳри нигоҳ доштани ваҳдату сулҳу осоиштагии кишвари азизамон, ҳар яки мо масъулиятпарастем. Сарвари давлат зимни вохӯриҳояшон доимо ҷавононро таъкид мекунанд, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, аз донишҳои замони муосир огоҳ бошем, забонҳоро омӯзем.

Бояд қайд намуд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат имрӯз барои сарбозон шароити хуб муҳайё гардидааст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби мардонагӣ ва ҷасорат аст. Насли наврас ва ҷавонро бояд дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ тарбия намуд. Тарбияи насли наврасро бояд дар муҳити оила, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа мукамал намуд. Насли наврас ба хусус ҷавонон бояд ба хуби дарк намоянд, ки соҳибватан мебошанд ва Ватанро бояд ҳифз намуд. Хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад.

Сармуҳоби Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ғуломов Асрор