ПАЁМ –ИФОДАКУНАНДАИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Паём ифодакунандаи манфиатҳои халқ, роҳкушо ва роҳнамои миллат, ифодакунандаи ояндаи дурахшони ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Паёми Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гашта буд, дар даврае пешниҳод гардид, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Таи 32 соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон марҳила ба марҳила миллати тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаистодааст. Аз Паём то Паём бо шарофати саъю талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва мардуми сулҳхоху фарҳангофари мо кишвари маҳбуби мо, Тоҷикистон ба як давлати соҳибистиқлол, тамаддунофар, сулҳпарвар ва ташаббускор табдил ёфт. Имрӯз ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалц Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ба хуби пазируфта шудааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ худ оид ба соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самаранокии заминҳо, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, рушди соҳаи саноат, соҳаи маориф, тандурустӣ, тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, дастгирии ҳамаҷонибаи табақаи ниёзманди аҳолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанг ибрози андеша намуданд. Қайд карда шуд, ки “тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад. Аз Паёми навбатии Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон илҳоми тоза гирифта, зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда баҳри дар амал тадбиқ намудани ҳар банди он саҳми босазои худро мегузорем. Ҳақатан Паёми навбатии Пешвои муззами миллат ифодакунандаи манфиатҳои халқ буда, нуқтаҳои он баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Мудири шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ғуломов Асрор