НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ҳақиқат ҷомеае, ки ба зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худ ғамхорӣ менамояд. Давлате, ки нисбат ба зан-Модар –сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.

Тавре Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”. Албатта нақши занон ва бонувон дар рушди ҷомеаи кишвар басо муҳим мебошад. Давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон  Зан-Модарро ҳамеша қувваи тавонои ободкориҳо медонист ва минбаъд ҳам чунин хоҳад монд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрўз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ  шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатхои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №158 аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №548, аз 29 августи соли 2015 «Дар бораи нақши амали Стратегияи миллӣ фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти пурсамари занон ва бонувон дар кишвар назаррас буда, занон ва бонувони мо дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа сарбаландона фаъолият намуда истодаанд. Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”. Мо занон ва бонувони кишвар аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, минбаъд низ саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон, тарбияи дурусти насли наврас мегузорем.

Мутахасис бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мирбонова Манижа