БОНУИ ПУРҲУНАР - БАРАКАТОВАРИ ХОНАДОН

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст.

Ахмедова Ҷонона Муҳаммадзокировна зодаи деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, санаи 26 июли соли 2000-ум дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Соли 2018 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро хатм намуда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети тиббӣ-техникӣ (ихтисоси технология)-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардида, онро соли 2022 хатм кардааст. Фаъолияти нахустини кориро дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ ҳамчун омӯзгор ва роҳбари маҳфили «Дастони моҳир» оғоз бахшида, то инҷониб кору фаъолият намуда истодааст.

Мавсуф соли 2017 гранти «Навовари беҳтарин»-ро сазовор гардида, соли 2021 дар озмуни «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки фаъолонаи худ ҷойи сеюмро ишғол намудааст. Инчунин дар соли 2024 дар озмуни «Беҳтарин роҳбари маҳфил» дар даври вилоятӣ қувваозмоӣ намуда, бо гирифтани ҷойи якум ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад.

Зимни суҳбат бо Ҷонона Ахмедова маълум гардид, ки аз нигоҳи ӯ ҳунарҳои дастӣ дар ташаккули инсон завқи бадеиро бартарӣ бахшида, таҳаммулу тоқатпазириро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро боз ҳам зебою пок мегардонад.

Яъне, ӯ аз хурдсолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ шавқу ҳавас дошта, аз ҷумла, дӯхтани куртаҳои миллӣ, гулдузӣ, чакан, тоқӣ, куртаҳои арӯсӣ ва сохтани гулҳои сунъии коғазин, меваҷотҳои сунъӣ, сувенирҳо, макет ва ҳамзамон рассомиро меписандад.

«Ҳунарманди асил бо ҳунари волоии худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дар ин ҷода банда устоди аввалини хеш модарамро мешуморам, ки нозукиҳои ҳунармандиро бароям омӯзонданд. Ӯ худ омӯзгор буданд ва дар вақтҳои бекориашон ба ҳунарҳои мардумӣ машғул мешуданд. Ман аз хурдӣ ба корҳояшон зеҳн монда, ҳунарҳои волояшонро аз худ кардам. Инчунин гулдӯзӣ ва асбобҳое, ки ман бо дастони худам медӯзаму месозам, имрӯз дар боғча ва бозорҳо ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд ва ман аз маҳсули дасти худ мефахрам», - иброз намуд Ҷонона Ахмедова.

Имрӯзҳо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, аз нав эҳё гардидаанд. Аз ин рӯ, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқамандии бузург доранд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.

Ин бонуи кордону ҳунарманд шогирдони зиёдеро аз синни 8 то 18 сола ба омӯзиши ҳунари худ ҷалб намуда, ҳамеша пайи ҷустуҷӯи навовариҳо мебошад ва ҳамарӯза кӯшиш намуда истодааст, ки ба муштариёни худ кӯмак намуда, онҳоро бо рӯҳбаландӣ қаноатманд намояд, то ки азми рафтан ба дигар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии берун аз ноҳияро пеш наоранд. Дар баробари ин Ҷонона Ахмедова бо ҳунару истеъдоди баландаш ба буҷаи оилааш низ манфиат оварда, рушди онро тақвият мебахшад.

Хулоса, бонуи ҳунарманд баракатовари хонадон аст.