ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Яке аз зуҳуротҳое, ки айни ҳол дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатар эҷод мекунад, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо баррасӣ намудани таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва намудҳои он лозим меояд.

16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардидааст, ки мақсади асосии қонуни мазкур чунин нишондод дорад:

-татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

-татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

-танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

-ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

-ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маънояш «Тарс ва ваҳм» аст.

Аслан террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ якчанд намудҳои терроризм пешниҳод шудааст: терроризми мухолифони давлат, терроризми давлатӣ, терроризм чун самти сиёсати сатҳи давлатӣ; терроризми фардӣ, - нисбати шахси муайян; терроризми оммавӣ – нисбат ба шахсони ногаҳонӣ; терроризми ҷиноятӣ.

То ба имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст.

Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд. Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар -терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем.

Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд.

Алалхусус, ҳамчун роҳбари як муассиса лозим мешуморам, ки дар ҳамҷоягӣ бо кумитаҳои падару модарон бо ҷавонон, ки насли ояндасози мо ҳастанд, пайваста мусоҳибаҳои тарбиявӣ баргузор намоем. Онҳоро ҳушдор намоем, ки фирефтаи касони нопоку беватан нашуда, муҳаббати модар-ватанро дар қалб боз ҳам амиқтар ҷой диҳанд.

Яъне бо неруи сухан ҳастии инсон ва нақши одамиятро дар ҷомеа барояшон тавзеҳ дода тавонем. Ба қавли бузургон:

Ба шамшери забон марди суханвар,

Кунад олам мусаххар чун Сикандар.

Мусо РАҶАБОВ, директори МТМУ №4-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ , Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия