ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ - ин меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан доштан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маҷмуи тадбирҳое дониста шудааст, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор – хизмати сазовор ба Ватан равона карда мешаванд.Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо – кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист. Хизмат кардан ба Ватан, ҳимоя намудани меҳани худ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ин аст вазифаи ҳар як шаҳрванди бедордил. Имрӯз ҳар ҷавони худшинос бояд ба хуби дарк намояд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҷавонмардист. Ҳимоя намудани сарзамини аҷдодӣ, ҳимоя намудани модари худ, ҳимоя намудани Ватани ба ҷон баробар магар ифтихор нест?!. Мутаасифона баъзан аз ҷавонон ин масъаларо ба хуби дар накарда дар мӯҳлати даъватӣ, синни даъватӣ баҳри ҳимояи ватан ҳозир намешаванд, ки ин нанговар аст. Сарзамини аҷдодӣ, ки дар гузашта бобою падарони мо ҳимоя намуда, як кишвари соҳибистиқлолро ба насли ҷавон оварда расонданд, магар имрӯз вазифаи ҷонии мо ҷавонон нест, ки Ватани азизамонро ҳимоя намоем? Имрӯз бояд мо ҷавони худшинос ифтихор дошта бошем, ки соҳибватан ҳастем. Ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ намоем. Бо сиёсати хирадмандонаи ва дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари зебою гулгулшукон дорем, кишвари соҳибистиқлолу сулҳпарвар дорем. Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони мо бояд босавод зираку ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ҳар ҷое дошанд манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло донем. Албатта, мо ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат ҳастем бояд ҳамеша ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ватандӯст бошем. Ҷавони бо ору номуси кишвари азизамон! Пас биёед танҳо бо забон не балки бо қалб ватандӯст бошем, ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ намуда ба хизмати Ватан- модар ҳамеша омода бошем. Ҳаргиз фаромуш накунем, ки мо як Ватан дорем, ки Тоҷикистони азиз аст!

Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маликова Тахмина