ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ НИШОНИ ШАРАФУ МАРДОНАГИСТ!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Чи гунае, ки аз саҳифаҳои таърих ба мо маълум аст, ҳар як давлату миллат барои арзи ҳастии худ, таърих, тамаддун, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, ҳифзи марзу бум, манфиатҳои ҷамъияту давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонаш артиши миллии худро таъсис медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин рӯзҳои ба сари ҳокимият омаданаш бо азму иродаи қавии хеш барои комил гардидани сулҳу комил дар кишвар, аз минбари баланд бо боварии комил даст ба қафаси сина гузошта савганд хурд, ки ман ба Шумо сулҳ меорам ва кишварро соҳибистиқлол намуда, оромиву осоиштагиро таъмин месозам, то охирин ғурбатзадаро ба ватан бар нагардонам ҳеҷ вақт худро орому осуда намепиндорам. Ва чунин ҳам кард. Дар ҳамон лаҳзаҳое, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оташи ҷангу хунрезӣ фавора мезад, ба он ҷо сафар карда мардумро ба Ватан баргардонд.

Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нерӯҳои пуриқтидори давлат ба ҳисоб рафта, давлату миллат онро ҳамчун “Сипари боэътимоди Ватан” медонад.

Дар замони соҳибстиқлолӣ Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои санаду меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда гардида, аз ҷиҳати хату савод, далериву зиракӣ, техникаву технологияи ҳарбӣ, мардони таҳамтану шуҷоъ худро бозҳам мустаҳкаму пуриқтидор гардонидааст.

Ҳамин буд, ки Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистонро яке аз давлатҳои амнтарин дар байни давлатҳои тариқикардаи дунё эълон намуд.

Ман ҳамчун ҷавони даврони соҳибистиқлол ба ҷавонони кишвар гуфтаниям, ки шароити дар донишгоҳу донишкадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил намуданро дошта бошед, бо азму иродаи қавӣ таҳсил намуда, аз рӯи касб ва тахассуси интихоб намуда ба халқу Ватан содиқона хизмат намоед, агар шароити таҳсил кардан надошта бошед, пас рӯҳафтода набошед зеро дар он ҳикмати бузурге нуҳуфта аст. Роҳи дуруст ин аст, ки бо таври ихтиёрӣ ба саффи қувваҳои мусаллаҳ бипайвандед, чунки хизмат дар саффи қувваҳои мусаллаҳ нишони шарафу мардонагист!.

Маликова Тахмина -мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ