РОҲАНДОЗИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ ФАРХУНДА.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

НАВРӮЗ- рамзи сарсабзию хуррамӣ ва зиндашавии дубораи табиат буда, бо омад-омадӣ хеш тамоми гулу буттаҳо ба нашъу намо даромада, аз ҷилои рангорангии фасли баҳору зебоӣ ва сарсабзӣ дарак медиҳад.

Каримзода Маҷиддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз”-и  ноҳияи Балҷувон, аз зумраи он пайравони асили мактаби бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат буда, дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузошта, дар ҳашари дастаҷамъонаи гулшинонӣ иштирок намуда, баҳри бозҳам зебову назарабо гардидани гулгашту хиёбонҳо кӯчаву роҳравҳо, фазои муаттари хуберо баҳри сокинону меҳмонон муҳайё сохта истодаанд.

Гулҳои зебову ороишӣ, ки бо рангорангии хеш дар ҳусни ноҳия зебогии даҳчандро зам менамояд, аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҳунарҳои мардумӣ” ва “Беморхонаи марказӣ” дар назди боғи Парчам ва Нишони давлатӣ шинонида шуданд.