ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ  ВА ХАТАРҲОИ ОН.

Балҷувон: Вокуниш  

Масъалаи ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, таҳти таъсири авомили мухталиф имкони густариш ёфтани он дар байни ҷавонону наврасон беш аз пеш ба назар мерасад. Бо ин мақсад, дар ростои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстӣ дар ҷомеа бояд пайваста чораандешӣ карда шавад.

Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Яке аз мушкиле, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, гаравидани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мебошад. Падару модарон, фаъолони ҷамъиятӣ, мактабу маориф, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаро зарур аст, ки назоратро дар боби рафтору гуфтор ва таҳсили наврасону ҷавонон дучандон кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2021 дар мулоқот бо ҷавонони кишвар изҳор доштанд, ки «Ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд. Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Такроран таъкид менамоям, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад». Мавзӯи терроризм ва роҳҳои мубориза алайҳи он бояд мавриди андешаву омӯзиши ҳар яки мо бошад, зеро мову шумо ҳам узви ҳамин ҷомеа мебошем. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он амиқ андеша намоянд.

Мирзоев Иззатулло - муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон