СУҲБАТУ ВОХУРИҲОИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БАЛҶУВОН.

Балҷувон:  

Соли 2024 тибқи Паёми Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқӣ эътироф гардид, ки мақсади асосии он ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии хешро сайқал дода, даст ба қоидаву қонуншиканиҳо назанем, зеро рушди давлатдории ҳар як миллату давлат, бахусус рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ин аз низоми устувории ҳуқуқии кишвар ва маърифати баланди шаҳрвандони он вобастагӣ дорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии паёми мазкур ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барномаи давлатиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум андешида, чораҳои заруриро вобаста ба некуаҳволии мардум андешад. Таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ин ҳадафи олии давлат мебошад, ки меҳвари асосии Паёми Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод.