ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

Балҷувон: Вокуниш  

Имрӯз терроризм ҷиддитарин мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳатто пешрафтатарин кишварҳои олам, аз ҷумла Амрикою Аврупо аз хатару зиёни терроризм эмин нестанд. Терроризми байналмилалӣ таҳдиди бузурге ба кишварҳои алоҳида ва дар маҷмуъ ба кулли инсоният дорад. Ҳамасола дар дунё садҳо амали терроризми байналмилалӣ амалӣ гашта, ҳазорон ҳазор инсонҳои бегуноҳ қурбони он мешаванд. Ин аст, ки ҳеҷ гоҳ як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад бо он мубориза барад ва кӯшиши якҷояи ҳама кишварҳо ва халқҳо лозим аст, ки ин офату балои аср пешгирӣ гардад ва барҳам дода шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин мушкеле бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Яке аз мушкиле, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, гаравидани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мебошад. Падару модарон, фаъолони ҷамъиятӣ, мактабу маориф, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаро зарур аст, ки назоратро дар боби рафтору гуфтор ва таҳсили наврасону ҷавонон дучандон кунанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон.