ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕАИ ОБОДУ ОСУДА

Балҷувон: Вокуниш  

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Охири асри 20 ва оғози асри 21 мудҳиштарин даврони зуҳуроти терроризм дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Террористон - ин тоифаи моҷароҷӯ, бераҳму золим, мутаассибони динӣ, тафриқаандозу миллатчӣ, худро “наҷотбахш” ва “ислоҳкор” эълон карда, сабабгори марги миллионҳо мардуми бегуноҳ гардидаанд. Корҳои даҳшатбор ва ҷиноятии террористон аз ҳисоб берун аст.

Садҳо мактабу боғчаҳо, хонаву деҳ, марказҳои дилхушиву фароғатӣ, ки бештар кудакону наврасон вақт мегузаронанд мавриди ҳуҷумҳои ин ноодамон қарор гирифта, ҳазорҳо нафар ҷон бохтаанд. Терроризм чунон зуҳуроти мудҳиш аст, ки ҳар инсони бегуноҳеро, ки ба он мансубият надорад, метавонад ҳадафи худ қарор диҳад. Ҳамаи мо шоҳидем, солҳои охир терроризм то ҳадде хуруҷ кард, ки боиси валангор гардидани ободтарин кишварҳо ва хонабардӯш шудани миллионҳо одамони бегуноҳ шуд.

Мушкил дар он аст, ки терроризм ягон марз ва қонунро риоя намекунад ва ҳамеша нобаҳангом, аз ҷойе, ки касе интизор нест, бехабар ҳуҷум мекунад. Ягонгӯшаи дунё нест, ки дасти терроризм ба он нарасида бошад ва ин даҳшат моро бар он вомедорад, ки ҳамеша ба муқобили терроризм ва экстремизм садо баланд кунем ва дар мубориза бо он омодаву бо ҳам бошем.

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз  танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад.

Насимҷони Исматӣ-аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сари мазор"-и ноҳияи Балҷувон